Пайвандҳои дастрасӣ

Артиш водии Свотро аз ифротгароҳо пок мекунад


Имрӯз артиши Покистон иттилоъ дод, ки аксари ифротгароҳои исломиро аз қароргоҳашон дар водии шимолу ғарбии Свот ихроҷ намудааст. Генерал-майор Носир Ҷонҷуа, ки раҳбарии амалиётро бар дӯш дорад, гуфтааст, артиш гурӯҳи иборат аз 400 пайрави як рӯҳонии ҷонибдори Толибонро таъқиб дорад. Ин рӯҳонӣ ба ҳукумати Покистон ҷиҳод эълон кардааст. Мансабдрони покистонӣ мегӯянд, ду ҳафта пеш ҳангоми шурӯи амалиёт артиш бо тақрибан 5 ҳазор ҷангҷӯй мувоҷеҳ буд. Ба қавли фармондеҳи покистонӣ аксари ҷангҷӯён фирор намуданд, 290 нафар ба ҳалокат расидаву наздик ба 140 каси дигар ҳабс шудаанд.
XS
SM
MD
LG