Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз таъқиби матбуот дар Озарбойҷон нигарон аст


Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, ки аз ҳабси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Озарбойҷон амиқан нигарон аст. Департаменти давлатӣ ин амалро аломати бадшавии вазъи озодии матбуот дар ин кишвар номидааст.
Рӯзи панҷшанбе додгоҳи Озарбойҷон хабарнигори Радиои Озодӣ Илғор Насибовро ба муддати се моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Чанде пеш Насибов ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев номае навишта, шикоят карда буд, ки мақомот рӯзноманигоронро таъқиб мекунанд.
Дирӯз мақомоти озарӣ ҳамсари Насибов- Малоҳат Насибова: ҳомии ҳуқуқи башар ва хабарнигори Радиои Озодиро муддати кӯтоҳе боздошт намуданд.
XS
SM
MD
LG