Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон нефтро ба доллар намефурӯшад


Хабаргузориҳо аз нақли вазири нефти Эрон иқтибос овардаанд, ки Эрон фурӯши нефт бо долларро комилан қатъ кардааст. Хабаргузории Иснои Эрон аз қавли вазири нефт Ғулом Ҳусейн Навзарӣ навиштааст, ки қурби доллар хеле поин шудаву " он дигар пули қобили эътимод нест".
Феълан дар саросари олам нефт бо доллар хариду фурӯш мешавад. Моҳи гузашта Эрон аз созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (OPEC) дархост намуд, ки созмон нефтро бо пули дигар кишварҳо баҳо диҳад. Аммо ба истиснои Венесуэла ягон кишвар ин пешниҳодро қабул накард.
XS
SM
MD
LG