Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ҳамоно таҳдид боқӣ мемонад


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, сарфи назар аз гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА дар бораи қатъи барномаи тавлиди силоҳи ҳаставӣ аз тарафи Теҳрон дар соли 2003-ум, Ҷумҳурии исломӣ ба ИМА ва Ховари Миёна таҳдид эҷод менамояд.
Гейтс дар як нишасти минтақавӣ дар Баҳрайн иброз дошт, ки ҳанӯз ҳам Эрон бо ғанигардонии уран машғул буда, имкони аз сар гирифтани барномаи тавлиди силоҳи атомиро дар ихтиёр дорад.
Ба қавли вазири мудофиаи ИМА Эрон ошӯбгарон дар Ироқу Афғонистон ва гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ба монанди Ҳизбуллоҳу Ҳамосро дастгирӣ намуда, барномаи мушакии ин кишвар тамоми минтақаро бо хатар мувоҷеҳ мекунад.
Дар иртибот бо барномаи ҳаставии Исроил Гейтс гуфт, ки он таҳдиде ба бор намеорад, зеро давлати яҳудӣ дар паи тахриби ҳамсояҳояш нест ва аз терроризм низ пуштибонӣ намекунад.
Исроил ҳеҷ гоҳ тасдиқ накардааст, ки ягона кишвари ҳаставии минтақа мебошад.
Дар нишасти Баҳрайн ҳайъати Эрон ҳузур надорад.
XS
SM
MD
LG