Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Аврупову Африқо оғоз ёфт


Дар шаҳри Лисабон мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои африқоӣ ифтитоҳ ёфт. Дар ин нишаст наздик ба 80 раҳбари мамолики ин минтақа иштирок доранд. Ин гуна мулоқоти васеъмиқёс барои аввалин бор дар 7 соли ахир ва барои дуюмин дафъа дар таърих барпо шудааст, ки дар он аз ҷумла ҳокимиятдории хуб, амният ва тағйири иқлим баҳс мешавад. Ҳузури раҳбари Зимбабве Роберт Мугабе рафти нишастро хатчадор кард. Сарвазири Британия Гордон Браун ба нишони эътироз аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар Зимбабве аз ширкат дар мулоқоти Лисабон худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG