Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод - пойтахти Туркманистон дар таърихи нӯҳуми декабр оғоз ёфт.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст, дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон се созишномаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла, созишнома дар бораи ҳамкории муштарак барои ҳифзи ахбори сиррӣ, мувофиқатнома дар бораи интиқоли байналмилалии коло, қарордод дар бораи иртибототи ҳавоӣ ва ҳамчунин як санад ба манзури ҷилавгирӣ аз пардохти молиёти дубора ва як ёддошти муштараки ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо бирасад.

Равобит миёни Туркманистон ва Тоҷикистон баъди фурӯпошии Шӯравӣ ба кундӣ пеш мерафт. Ҳарчанд, дар замони Шӯравӣ миёни ин ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ҳамкорӣ ва равобити густарда вуҷуд дошт. Аз ҷумла, Туркманистон Тоҷикистонро бо маводи нафтӣ таъмин мекард ва аксари бозорҳои Туркманистон тавассути тоҷирони тоҷик аз меваҷот таъмин мешуд. Сафармурод Ниёзов – раисҷумҳури вақти Туркманистон бо эъломи бетарафии ин кишвар равобит бо кишварҳои минтақаро тақрибан гусаст. Ва аз соли 1995 равобити ҳавоӣ миёни Душанбе ва Ишқобод низ ибтидо то ду маротиба дар як моҳ коҳиш дода шуд ва дар соли 1997 ин иртибот комилан қатъ гардид.

Аммо бо сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар соли равон талошҳо дар бораи эҷоди равобит ва барқарории муносибот бо кишварҳои минтақа афзоиш пайдо кардааст.

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, раисҷумҳури ҷадиди Туркманистон саъй дорад, равобити гусастаи замони Шӯравӣ бо кишварҳои минтақа ва махсусан ҳамсоякишварҳоро дубора ба роҳ монад. Давлат Усмон - коршиноси тоҷик мегӯяд, заминаҳои ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад ва роҳандозии онҳо барои рушди иқтисоди ҳарду кишвар муфид хоҳад буд.

Зимнан, дар ҷараёни нахустин сафари расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов - раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон, ки дар арафаи баргузории саммити Кишварҳои ҳамсуд дар моҳи октябри соли равон дар Душанбе баргузор гардид, шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки муҳиммтарини онҳо имзои қарордод дар бораи интиқоли як миллиард кв.соат неруи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон аст. Интиқоли неури барқ аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар ҳафтаи пеш оғоз шуд, ки масрафкунандаи он ширкати алюминийи тоҷик мавсум ба Талко мебошад.

Тайи даҳ моҳи ахир ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон бештар аз 37 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон ба Туркманистон умдатан арзиз содир ва аз ин кишвар семент ва масолеҳи сохтмонӣ ворид мекардааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари худ дар маросими ифтитоҳи маркази минтақаии Созмони миллали муттаҳид дар умури дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG