Пайвандҳои дастрасӣ

Рашид Раҳимов, дастпарвадаи футболи тоҷик ва сармураббии тозатаъйини "Локомотив"-и Маскав умед дорад, ки тилои сабқати қаҳрамонии Русияро ба даст орад.

Рашид Раҳимов, ки ду рӯзи пеш, 6 декабр, расман ҳамчун сармураббии нави яке аз тимҳои маъруфтарини Русия, «Локомотив»-и Маскав муаррифӣ гардид, дар нахустин сӯҳбати худ бо хабарнигорон ба ҳайси сармураббии «Локомотив»-и Маскав гуфт:

«Тилоро ҳамеша мехостам. Дар муқоиса бо нуқра ва ё биринҷӣ албатта он гаронбаҳотар аст. Аммо ман гуфта наметавонам, ки кай онро ба даст меорем, зеро чунин як кор ҳамеша ба нерӯҳои инсонӣ вобаста аст.»

Рашид Раҳимов – ситораи футболи тоҷик ва ҳамакнун, аз чеҳраҳои гармтарин дар чашми мухлисони футболи Русия гуфт, вазоифи «Локо» қабл аз оғози сабқати нав таъйин хоҳад гардид. Дар даҳаи дуюми январ даста ба Туркия барои тамрин меравад. Баъд аз он низ, чанд тамрини дигар дар дохил ва хориҷи Русия дар нақша будааст.

«Локо» дар сабқати имсола ҷойи ҳафтумро гирифт, ки бадтарин натиҷаи даста дар сабқатҳои Русия будааст. Рашид Раҳимов гуфт, «Локомотив» - дастаест, ки ба мақомҳои беҳтар сазовор аст. Ӯ гуфт, хоҳони натиҷаи максимум аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG