Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти муштарак бар зидди Толибон дар Мусоқалъа


Бино ба гузориши бахши афғонии Радиои Озодӣ, амалиёти нируҳои паймони НАТО ва нируҳои артиши давлатии Афғонистон бар зидди нируҳои Толибон дар Мусоқалъа оғоз шудааст. Дар ин амалиёт ҳавопаймоҳо аз нируҳои заминӣ ҳимоят мекунанд. Мусоқалъа аз 10 моҳ ба ин су дар контроли нируҳои Толибон қарор дорад. Мусоқалъа дар 25 километрии сарбанди ниругоҳи барқи обии Каҷакии вилояти Ҳилманд ҷойгир аст. Дар ин чанд моҳ, ки Мусоқалъа дар контроли Толибон буд, корҳои бозсозӣ дар сарбанди Каҷакӣ ба таъхир афтод. Ин ниругоҳ метавонад 2 милён аҳолии ҷануби Афғонистонро бо барқ таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG