Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз вазъи зиндониёни Тоҷикистон


Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари САҲА дар Душанбе

Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари САҲА дар Душанбе

САҲА аз таъхири мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати қабули даъвати созмони "Салиби Сурх" барои таҳқиқи вазъи зиндониёни ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари САҲА, гуфт, аз шароити зиндон ва амалкарди масъулони маҳбасҳо онҳое мӯътаризанд, ки солҳои зиёдеро паси панҷараи симхордори зиндонҳо дар Тоҷикистон пушти сар кардаанд. Оқои Фурӯғӣ афзуд, мақомоти кишвар дар амри беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ ва маҳалли хобу хӯроки зиндониён кори чашмрасеро низ то кунун анҷом надодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, зиндонҳои Тоҷикистон дар солҳои 1930, замони пойбарҷоии собиқ Шӯравӣ, сохта шуда ва шароити буду бош дар онҳо мутобиқ ба меъёри байнулмилалӣ нест. Яъне, ба қавли оқои Фурӯғӣ ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон, чун дар зиндонҳои даврони Шӯравӣ аз 20 то 30 маҳбус дар як хона нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Сайидаҳмад Ҷамолов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, боздиди расмии созмони байнулмилалии Салиби Сурх аз зиндонҳои ин кишварро ғайриимкон мешуморад.

Вай гуфт, Салиби Сурх аз мақомоти Тоҷикистон иҷрои чандин шартеро тақозо кардааст, ки мақомот ба ҳич ваҷҳ розӣ буда наметавонанд. Оқои Ҷамолов ба ин маънӣ, иддаои ҷониби Созмони амният ва ҳамкории Урупоро рад кард ва аз ҷумла гуфт: «Дастрасии созмони Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон масъалаи мушкил аст. Салиби Сурх аз соли 1997 бад-ин сӯ бо давлати мо ҳамкорӣ мекунад, аммо тақозои охиринаш, ки фароҳамсозии сӯҳбати якбаяки онҳо бо муттаҳамин ва маҳкумшудаҳост, имконнопазир аст. Чунин шартҳое, ки мухолифи Сарқонунанд, ки имкон намедиҳанд, ки Салиби Сурх аз зиндонҳо боздиди расмӣ анҷом бидиҳад. Агар не, дари зиндонҳо мо барои ҳамеша боз аст ва мо аз ҳич чиз ҳам ҳарос надорем».

Назирмат Илолов, муовини сардори раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, низ вазъ дар зиндонҳои кишварро ором арзёбӣ кард. Вай гуфт, то ҳол нафаре аз маҳбусон аз камбуди маводди ғизоӣ ва ё бадрафтории пулисҳо нисбаташон шиква накардаанд. Вале ба иттилоъи оқои Илолов, дар соли равон 36 зиндонии маҳбасҳои Тоҷикистон ба иллати мубтало будан ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумлаи сил фавтидаанд. Феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон ба таъкиди ӯ, ҳудуди 9 ҳазор маҳкумшуда, аз ҷумлаи тақрибан 1000 маризи сил ва ҳудуди 90 мубталои бемории АIDS, ҳамчунин аъзои «Ҳизбуттаҳрир» ва «Ҳаракати исломии Узбакистон» ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи натиҷагириҳои созмони байнулмилалии “Amnesty International” зиндонҳои Тоҷикистон маъмулан дучори издиҳом ва адами беҳдошт будаанд. Ба навиштаи ин созмон, дар ин зиндонҳо беморӣ, бахусус, бемории сил роиҷ аст ва гуруснагӣ низ аз мушкилоти ҷиддии он маҳсуб мешавад. «Amnesty International» мегӯяд, адами шароити мусоъид дар зиндон аз иллатҳои аслии даст ба гуруснанишинӣ задани як гурӯҳ зиндониёни зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа дар моҳи августи соли 2005 будааст.

XS
SM
MD
LG