Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2011


Конфедеросюни футболи Осиё (AFC) табақабандӣ ва шакли мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2011 оид ба футболро эълом кард.

Табақабандии тимҳо бар асоси натоиҷи ба даст овардаи онҳо дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2007 мушаххас мешавад. Қуръакашии марҳалаи аввал рӯзи душанбеи 17-уми декабр дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, баргузор мегардад.
Бозиҳои интихобӣ дар ду марҳала анҷом хоҳад ёфт. Дар марҳалаи аввал 8 дастаи байни рейтинги аз 20 то 27 – Кувайт, Сингапур, Ҳиндустон, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Ҷазоири Молдив ва Туркманистон – бо қуръакашӣ барои бозии «плей-офф» таъйин мешаванд.
Дар марҳалаи дуввум 4 тими барандаи марҳалаи аввал ба 16 тими дигар байни рейтинги аз 4 то 19 – Ҷопон, Австралия, Эрон, Узбакистон, Вйетнам, Чин, Тайланд, Индонезия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Уммон, Малайзия, Урдун, Сурия, Ҳонконг ва Яман – ҳамроҳ хоҳанд шуд. Ин 20 дастаи мунтахаб 4-дастаӣ ба 5 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ду тими ғолиб аз ҳар гурӯҳ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин се тими беҳтарини Ҷоми Осиё-2007 – Ироқ, Арабистони Саъудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ - бидуни шарт ба ин бозиҳо роҳ пайдо карданд. Дастаи мунтахаби Қатар, ҳамчун мизбон, ва қаҳрамонҳои ду Ҷоми даъвати Осиё дар солҳои 2008 ва 2010 дар маҷмӯъ 16 дастаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011-ро ташкил хоҳанд кард.
Бар асоси низомномаи нави Ҷоми Осиё, дастаи миллии футболи Тоҷикистон, ки нахустин барандаи Ҷоми даъвати AFC мебошад, имкон дорад, дар сурати пирӯзӣ дар дуввумин давраи ин мусобиқот дар соли 2008 дар Тайланд, ба сурати ғайрииродӣ (автоматӣ) ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.
XS
SM
MD
LG