Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи муштзанӣ дар Хуҷанд


Дар қасри варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқоти муштзанӣ ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев шурӯъ шудааст.

Мусобиқаро Федеросюни бокси вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бо кумаки шуъбаи суғдии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми ҳукумати кишвар ташкил кардаанд.
Ба гуфтаи баргузоркунандагони мусобиқоти мазкур он ба солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар бахшида шудааст. Бино бар дастури мусобиқот, дар он, ки аз рӯи қавоиди байнулмилалии AIBA мегузарад, 100 варзишгари синнашон аз 16-сола боло иштирок мекунад.
Мусобиқа 8-уми декабр анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG