Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ дар Ҷоми Иттиҳод-2008 ширкат мекунад


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар соли 2007 дар Ҷоми Иттиҳод-2008 ширкат хоҳад кард.

Аз 19-ум то 27-уми январи соли 2008 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16-умин даври Ҷоми қаҳрамонони футболи кишварҳои узви ИДМ ва каронаи Балтик бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад.
Қаҳрамони имсолаи футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода дар гурӯҳи «В» 19-уми январ бо «Оқтеппа» (Қазоқистон), 20-уми январ бо «Хазар» (Озарбойҷон) ва 22-вуми январ бо «ФБК-Каунас» (Литва) рақобат хоҳад кард.
Ба гурӯҳи «А» «Зенит» (Русия),«Ишқобод» (Туркманистон), «Шериф» (Молдова) ва «Левадия» (Эстония), ба гурӯҳи «С» «Вентспилс» (Латвия), «Олимпи» (Гурҷистон), «ОФК Белград» (Сербия) ва «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), ба гурӯҳи «D» «Пахтакор» (Узбакистон), «БАТЭ» (Беларус), «Динамо» (Укроин) ва «Бананс» (Арманистон) шомиланд.
Бар асоси низомномаи мусобиқот, нахуст сабқати гурӯҳӣ баргузор мегардад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, ки 23-вуми январ сурат мегиранд, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми январ доир мегарданд. Барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои кишварҳои Ҷомиъаи Муштаракулманофеъ ва каронаи Балтик дар соли 2008 дар бозии ниҳоӣ, ки 27-уми январ баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG