Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи нави САҲА ба Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки қасд дорад, дар ислоҳоти ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Тоҷикистон кӯмак кунад. Гурӯҳе аз дафтари созмони мазкур дар умури ниҳодҳои пулис рӯзи панҷшанбе баъди ошноӣ бо кори идораҳои милисаи Тоҷикистон гуфтанд, ки соли оянда ниёзҳои мақомоти ҳифзи тартибот дар ин кишварро хоҳанд омӯхт. Бар асоси иттилоъи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дар семоҳаи аввали соли оянда ёддошти тафоҳум дар ин маврид ба имзо хоҳад расид. Бар асоси назархоҳиҳо мардум ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон эътимод надоранд ва онҳоро фасодзада медонанд.
XS
SM
MD
LG