Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори Радиои Озодӣ зиндонӣ шуд


Додгоҳи Озарбойҷон Илғор Насибов - хабарнигори бахши озарии Радиои Озодиро бо гуноҳи бӯҳтон задан ба афсарони пулис ба 90 рӯзи зиндон маҳкум кард. Илғор Насибов бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев навишта буд, ки афсарони пулиси ноҳияи Нахҷувон ба сокинони маҳаллӣ ҷабру зулм мекунанд. Ду рӯз пештар аз ин ҳамон додгоҳ иттиҳомот ба зидди Илғор Насибовро беасос эълом карда буд. Мудири Радиои Озодӣ Ҷефф Гедмин хостори озодии фаврии Илғор Насибов шуд ва муҳокимаи ӯро масхарабозӣ номид
XS
SM
MD
LG