Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Косово ба СММ ироа мешавад


Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Бан Ги Мун мегӯяд, қарор аст, имрӯз гузориши муҳим доир ба сарнавишти ояндаи минтақаи Косоворо ба ӯ бирасонанд. Муаллифи ин гузориш Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия ҳастанд, ки натавонистанд доир ба мақоми ояндаи минтақаи Косово ба мувофиқа бирасанд. Русия мехоҳад, Косовои умдатан албанишин ҳамчун қаламрави Сербистон боқӣ бимонад, вале Амрикову баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ҷонибдори истиқлолияти Косово ҳастанд, ки мардуми минтақа низ ҳаминро мехоҳанд. Гузориш рӯзи 19 декабр ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал ироа хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG