Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони тавсеаи таҳрими Эрон баҳс мешавад


Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс музокироти дурӯза бо мақомоти аврупоӣ ва Русияро оғоз намуд. ИМА даъват кардааст, ки фишори байналмилалӣ болои Эрон тавсеа ёбад, то мақомоти Теҳрон ғанигардонии уранро мутаваққиф намуда, ба суолҳо дар бораи барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломӣ посух диҳанд. Ин аввалин мулоқоти рӯ ба рӯи Райс бо ҳайъатҳои кишварҳои қудратманди олам баъди нашри гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА пиромуни барномаи ҳаставии Теҳрон мебошад. Дар он имкони ҷорӣ намудани даври сеюми таҳримҳои СММ болои Эрон баҳс мешавад. Дар гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии исломӣ дар соли 2003-ум барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро мутаваққиф намуд.
XS
SM
MD
LG