Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги нӯҳ нафар дар фурӯшгоҳи Небраска


Дирӯз дар маҷмаи фурӯшгоҳҳои серхаридори шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА силоҳбадасте 8 нафарро кушта сипас даст ба худкӯшӣ зад. 5 каси дигар бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфтаанд. Вазъи 2 нафари онҳо вазнин арзёбӣ шудааст.
Шоҳидон мегӯянд, силоҳбадаст аз айвони табақаи 4-ум ба ҳар тараф тир мепарронд. Бо шунидани садои тир ходимони фурӯшгоҳ ва муштариён ба ҳар тараф пароканда шуданд.
Як зани ходими фурӯшгоҳ ба хабарнигорон гуфт:
"Ман ҷиҳози мухобиротро гирифта, ба воситаи он мудирамонро пайдо кардам. Ман гуфтам, агар касе маро мешунавад, бидонед, ки марде бо силоҳ ба тарафи мардум оташ кушодааст. Илтимос дари фурӯшгоҳро будбандед,, то ӯ ба дохил надарояд."
Силоҳбадасти 19 сола Роберт Ҳокинс чанде пеш равобит бо дӯстдухтарашро қатъ карда будааст. Бар илова ӯро аз ҷои кор дар ресторани Макдоналдс маҳрум намуда буданд. Ҳокинс қаблан дар иртибот бо нашъамандиву майнӯшӣ муҷозот шудааст.
Дар паёми охирини худ Ҳокинс аз дӯстону аҳли оилааш маъзарат хоста, афзудааст, ки акнун ӯ машҳур хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG