Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: Ҳузури низомиро бо НATO мутобиқ мекунем


Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко иброз доштааст, то замоне, ки кишварҳои узви паймони Нато ҳузури низомӣ дар наздикиҳои марзашон бо Русияро тавсеа набахшанд, Русия дар марзҳои ғарбиаш ҳузури низомиашро афзоиш намедиҳад.
Моҳи равон Русия таъкид кард, ки иштирок дар паймони назорати силоҳи шартномавӣ ё худ муқаррарӣ дар Аврупоро мутаваққиф мекунад. Бар пояи ин санад шумораи танку силоҳу муҳимоти муқаррарӣбояд дар саросари Аврупо маҳдуд бошад.
XS
SM
MD
LG