Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Покистон ба раҳпаймоӣ иҷозат надод.


Имрӯз дар Исломобод полиси Покистон имкон надод садҳо эътирозгар зери раҳбарии собиқ сарвазири Покистон Навоз Шариф ба назди хонаи раиси барканоршудаи Додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Чавдурӣ раҳпаймоӣ намоянд. Чавдурӣ сар аз сеюми ноябр дар ҳабси хонагӣ мебошад. Он рӯз президенти Покистон Парвез Мушарраф вазъи фавқулода эълон намуда, аксари аъзои Додгоҳи олии Покистонро ба истеъфо фиристод. Шариф талаб кардааст, ки додгустарҳои барканоршуда дар вазифаҳояшон барқарор шаванд. Ба қавли Шариф бидуни низоми адлияи мустақил интихоботи парламентии моҳи оянда озоду одилона нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG