Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Русия ҳамроҳ Роғунро месозанд


СергейСтепашин, раиси палатаи муҳосиботи Русия мегӯяд, президенти Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ин ҷумҳурӣ ҷонибдори ҳамкорӣ бо Русия дар такмили сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии Роғун аст. Имрӯз дар шаҳри Душанбе баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Степашин изҳор намуд, Тоҷикистон мунтазири лоиҳаи нави ҳамкорӣ дар масъалаи такмили сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии Роғун аст.
Степашин афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ гуфтааст, ки Тоҷикистон Русияро ҳамкорӣ стратегӣ баррасӣ менамояд.
Раиси палатаи муҳосиботи Русия иброз дошт, ки дар мулоқот бо президент Раҳмон тамоми бахшҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомиву фаннии миёни ду кишвар баҳс шудааст.
XS
SM
MD
LG