Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз таъхири созишномаи тиҷоратии СҲИ


Масъалаи ба таъхир уфтодани тасдиқи Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) аз ҷониби баъзе кишварҳои узви ин созмон дар як нишасти ин паймон дар пойтахти Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифт.

Вуқаар Аҳмад Шоҳ, раиси раёсати тиҷорат ва сармоягузории Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар нишасти намояндагони созмони мазкур дар Душанбе таъкид кард, ки созишномаи тиҷорати ин созмон ҳануз аз тарафи ҳамаи кишварҳои узв пазируфта нашудааст. То кунун ин созишномаро Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Афғонистон тасдиқ кардаанду халос. Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90 узви ин созмон шуда буд. Созишномаи тиҷорат имкон медиҳад, ки соҳибкорон ва тоҷирони ин кишварҳо бидуни транзит ва пардохти андаки боҷи гумрукӣ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон фаъолият кунанд.

Вуқаар Аҳмад Шоҳ ишора кард, ки бархурди сарди кишварҳои узв дар роҳи тасвиби ин созишнома кори созмонро мушкил месозад. Дар сурати тасдиқ шудани ин созишнома аз ҷониби Эрон ба унвони кишвари панҷум созишномаи тиҷорат ба амал медарояд. Феълан аз нуҳ давлати узви ин паймон Тоҷикистон ягона кишварест, ки нархномаи боҷи гумрукиашро бо Созишномаи тиҷорати Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мутобиқ кардааст.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, дар сурати ба амал даромадани Созишномаи тиҷорат вазъи саноатии Тоҷикистон беҳбуд намеёбад. Зеро давлатҳои бузургтари ин паймон, монанди Туркия, Покистон, Ирон, ки саноати рушдёфта доранд, дар сурати боҷҳои гумрукӣ ба ҳадди 15 дарсад баробар шудан, ба бозори Тоҷикистон бо қимати арзон амвол ворид мекунанд, имкони тавлидоти дохилаи маҳсулоти саноати сабукро, аз қабили коло ва либосҳои мухталиф, дар ин кишвар маҳдуд мекардааст.

Феълан, баланд будани тарифҳои боҷи гумрукӣ ба рушд накардани муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои аъзои паймон боис мешудааст. Масалан, боҷи гумрукӣ дар Узбакистон, ки 30 дарсадро ташкил медодааст, имкони тиҷорати тоҷирони кишварҳои узви паймонро дар ин кишвар маҳдуд кардааст.

XS
SM
MD
LG