Пайвандҳои дастрасӣ

"Эрон бояд фаъолиятҳои ҳаставиашро ошкор кунад"


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба Эрон пешниҳод кардааст, ки фаъолиятҳои ҳаставиашро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор кунад. Дар аёлати Небраска ду рӯз баъди нашри гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА дар бораи барномаи ҳаставии Эрон президенти ИМА гуфт, интихоб ба дасти эрониҳост.
"Ё онҳо пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳониро пазируфта аз ғанигардонии уран даст мекашанд ва мушкилӣ дар сари мизи музокирот ҳал мешавад ва ё ин, ки онҳо бар хилофи манфиати мардуми эронӣ роҳи инзивоъро пеш мегиранд. Интихоб ба дасти режими Эрон аст."
Сухангӯи Қасри Сафед Тонӣ Фратто бо ишора ба саркашии Ҷумҳурии исломӣ аз ғанигардонии уран мегӯяд, Вашингтон ҷонибдори тавсеаи навбатии таҳрими Эрон аст. Шӯрои Амнияти СММ ду давра рӯи Эрон таҳрим ҷорӣ кардааст.
Вале президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гузориши хадамоти иктишофии ИМА-ро эъломияи пирӯзии Эрон бар қудратҳои ҷаҳонӣ номидааст.
XS
SM
MD
LG