Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду нафар бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Толиб Бобоев, муовини собиқи додситони кулли ин кишвар дар соли 1999 боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Маҳмадалиев - сардори раёсати зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорати мазкур, ду фарди гумонбар: Ҷаббор Бекназаров ва Дониёр Одилов, ҳар ду сокини шаҳри Душанбе дар пайи амалиёти ҷустуҷӯ дар қаламрави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Ӯ афзуд, ки ин ду нафар ба куштори Толиб Бобоев бо фармоиши Низомхон Ҷӯраев - сарвари корхонаҳои кимиё ва спирти шаҳри Исфара даст задаанд.

Полковник Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, парвандаи ҷиноии ин афрод аз ҷониби Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар устони Суғд ва Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Зимнан, Оҷонси мазкур нисбати Низомхон Ҷӯраев – собиқ вакили маҷлиси устони Суғд ва раиси корхонаҳои спирт ва кимиёи шаҳри Исфара бо иттиҳоми фасоди молӣ парванда боз карда, вале ӯ қаблан аз Тоҷикистон фирор карда буд.

Ҳамакнун пас аз сипарӣ шудани тақрибан се моҳ аз боз шудани ин парванда ва гузашти ҳашт сол аз куштори Толиб Бобоев – собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев ин иттиҳоми нави тарҳрезии қатли Толиб Бобоев афзуда шудааст.

Толиб Бобоев, ки дар авоили солҳои навадуми асри гузашта муддате вазифаи муовини додситони кулли Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, дар замони кушта шуданаш дар соли 1999 – и милодӣ аз сӯи афроди ниқобпӯши силоҳбадаст дар назди хонааш дар шаҳри Чкалови устони Суғд дар ҳеҷ симати давлатӣ кор намекард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG