Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарардидаҳои бомбаҳои кассетӣ аз ширкатдорони як нишасти байнулмилалӣ тақозо карданд, ки дар роҳи манъи истифодаи ин гуна аслиҳа гоми ҷиддӣ бардошта шавад.

Умарбек Пӯлодов, як донишҷӯи 21-солаи тоҷик, мегуяд, "паёми ман хеле содда аст - истифодаи бомбаҳои кассетиро манъ кунед ва ба зарардидаҳои ин бомбаҳову аҳли хонаводаи онҳо дасти кӯмак дароз кунед". Ин ҷавони рустоӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо бародар ва амакаш ҳадафи ин гуна бомба қарор гирифтааст. Дар натиҷа вай аз як чашмаш маҳрум шуда, якбора ду азизаш – бародар ва амакашро аз даст додааст.

Нишасти байналмилалии серӯзаи Вена, ки то 7 декабр идома мекунад, як бахше аз, ба истилоҳ, "Ҳаракати эъломияи Осло" аст, ки моҳи феврал шурӯъ шуда, мувофиқати 46 давлати ҷаҳонро барои қабули эъломияи зидди истифодаи бомбаҳои кассетӣ ба даст овардааст. Имрӯзҳо дар Вена бо нияти тақвияти ин андеша 130 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд, аммо адами ҳузури чанд кишвар, мисли ИМА, Русия, Чин аён ба чашм мерасад. Ин кишварҳо ва чанд давлати дигари истифодакунандаи бомбаҳои кассетӣ, мисли Исроил, ки соли гузашта дар Лубнон чор миллион адад чунин бомбаҳоро дар мубориза зидди Ҳизбуллоҳ истифода кардааст, шадидан мухолифи манъи истифодаи ин бомбаҳо мебошанд. Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, дар паёме қабл аз оғози нишасти Вена гуфт, тааҳҳудоти кишварҳоро ба ин масъала аз наздик мушоҳида мекунад ва умедвор аст, ки давлатҳои дигари мухолифи қабули эъломия низ базудӣ ба онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Маркази минарӯбии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нишасти Вена чаҳор намоянда, аз ҷумла ду масъули вазоратҳои умури хориҷаву дифоъи кишвар, иштирок мекунанд ва мавқеи Тоҷикистон ҳам чун як кишвари зарардида аз чунин бомбаҳо ин аст, ки истифодаи ин гуна аслиҳа манъ шавад. Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси ин марказ, гуфт, Тоҷикистон ин гуна яроқро надорад: дар захира ҳам надорад, истифода ҳам намебарад, истеҳсол ҳам намекунад, интиқол ҳам намедиҳад. Ин яроқ дар давраи ҷанги дохилӣ истифода шудааст ва баъди ин дигар нест дар мо. Вай афзуд, намояндаи вазорати хориҷаи мо бояд изҳор карда бошад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз "Ҳаракати эъломияи Осло" ҷонбидорӣ мекунад.

Оқои Раҷабов афзуд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзе манотиқи шарқи Тоҷикистон, аз ҷумла водии Рашт ва баъзе нуқоти Бадахшон, мавриди ҳамлаи ин гуна бомбаҳо қарор гирифтаанд. Вай гуфт, ҳангоми безарарсозии минаҳо гурӯҳҳои мо бозмондаҳои ин гуна яроқҳои кассетиро кашф мекунанд ва дар сурати ошкорсозии онҳо безарар ва нобуд карда мешаванд. Ин гуна бомбаҳо кам нест. Агар дар гузашта гурӯҳҳои мо зиёда аз 5000 минаву дигар муҳимоти таркандаро ошкор карда бошанд, қисме аз онҳо - ҳудудан 1000 адад - муҳимоти натаркида аст ва аз ин бомбаву снарядҳо қисмаш бомбаҳои кассетавӣ мебошад.

Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази минарӯбии Тоҷикистон, гуфт, шумори бомбаҳои ба қаламарви Тоҷикистон партобшудаи кассетиро мешавад садҳо адад арзёбӣ кард. Шумори кулии қурбониҳои ин гуна бомбаҳо ва навъҳои дигари маводи тарканда дар Тоҷикистон дар 15 соли охир 73 нафар буда, 77 нафар бар асари ин гуна таркишҳо ҷароҳатҳо бардоштаанд. Мутахассисони аслиҳа мегӯянд, ки бомбаҳои кассетӣ навъи бомбаҳое мебошанд, ки дар дохили қуттиҳои бузург аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ партоб мешаванд ва шуморашон дар дохили чунин контейнерҳо метавонад то 250 адад расад. Дар вақти фурудоӣ ба замин онҳо, мисли "шабпарак" дар масоҳати муайян дар рӯи замин паҳн мешаванд ва метарканд.

Ҷонмаҳмад Раҷабов гуфт, гоҳо на ҳамаи ин минаҳо дар вақти расидан ба замин метарканд ва танҳо баъди гузашти моҳҳову солҳо аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. Гоҳо кӯдаконе, ки дар чунин мавзеъҳо бозӣ мекунанд ва қурбониии бегуноҳи ин гуна минаҳо мешаванд, афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG