Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко сарвазири Украина мешавад?


Президенти Украина Виктор Юшенко хонум Юлия Тимошенкоро ба мансаби сарвазири ин кишвар пешбарӣ намуд. Дафтари матбуотии президенти Украина мегӯяд, имрӯз президент Юшенко аз парламент дархост намуд, номзадии Тимошенко: муттафиқи Юшенко дар инқилоби норанҷии соли 2004-умро ба ҳайси сарвазири Украина тасдиқ кунанд.
Ҳафтаи гузашта ҳизби Украинаи мо, ки таҳти назорати президент Юшенко қарор дорад, бо ҷумбиши Юлия Тимошенко эътилофе ташкил намуданд, ки нисбат ба мухолифинашон ду раъйи бештар дар ихтиёр дорад.
Баъди инқилоби норанҷии соли 2004-ум президент Юшенко дар моҳи феврали соли 2005-ум Тимошенкоро аввалин сарвазири Украина таъйин карда буд. Вале баъди ҳафт моҳ ихтилофи президент ва сарвазир авҷ гирифту Юшенко Тимошенкоро аз вазифа барканор кард.
XS
SM
MD
LG