Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Бародаӣ: Даричаи имкониятҳо барои Эрон


Раиси Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ Муҳаммад ал- Бародаӣ гуфт, хулосаҳои гузориши созмонҳои иттилоъотии ИМА доир ба барномаҳои атомии Эрон бо бардоштҳои Оҷонсӣ мувофиқат мекунад.

Дар гузориши мазкур омадааст, ки Эрон барномаи тавлиди силоҳи ҳастаиро соли 2003 қатъ кардааст, ҳарчанд дар ин чанд соли ахир ҳукумати Амрико мегуфт, ки Эрон барои сохтани силоҳи атомӣ талош дорад.

Тибқи баровардҳои созмонҳои иттилоъотии Амрико, Эрон зери фишори байналмилалӣ, аз кушишҳои тавлиди силоҳи ҳастаӣ соли 2003 даст кашида ин барномаро мутаваққиф намудааст.

Ал -Бародаӣ эълом дошт, ки нусхаи дақиқи гузориш дар ихтиёри ӯ нест, аммо вай бар ин ақидааст, ки ҳатто қисме аз он гузориш, ки барои омма пешниҳод шудааст, гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир, Теҳрон кушиш намекунад силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад. Ӯ афзуд, ки ин хулосаҳо бо назари Оҷонсӣ ва худи Бародаӣ мувофиқат мекунад. Ал-Бародаӣ изҳор намуд, ки ӯ дар ин бора дар тули чандин сол мегуфт.

Раиси ниҳоди СММ гуфт, нашри гузориш барои мақомоти Теҳрон як ишораест, ки онҳо метавонанд собит кунанд, ки ягон нақшаи густариши барномаи тавлиди силоҳи ҳастаиро надоранд. Бар ақидаи Бародаӣ, ҳоло Эрон фурсати хеле хуб дорад, то ки ҳамаро мутақоид кунад, ки барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст. Ӯ гузоришро даричаи имкониятҳо унвон дода гуфт, он барои пайдо кардани роҳи ҳали дипломатӣ як фурсати нав медиҳад, ва ҳоло ҳиссиёти хатар, ки шояд Эрон фардо ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст ёбад аз байн рафт.

Ал Бародаӣ нагуфт, ки оё гузориш метавонад ба кушишҳои ИМА дар самти эъмоли таҳримҳои баъдии СММ алайҳи Эрон ягон таъсире дошта бошад, аммо ҳушдор дод, ки Оҷонсиӣнақша дорад, ба боздидҳои таъсисоти ҳастаии Эрон идома диҳад. Вай мақомоти Теҳронро ба идомаи ҳамкориҳо бо Оҷонсӣ даъват намуд.

Раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинаҷод гузоришро “эъломияи пирузӣ” барои барномаи ҳастаии кишвараш хонд.

Вазири корҳои хориҷаи ИМА Кондолиза Райс дар посухи ғайримустақим ба изҳороти Аҳмадинаҷод гуфт, гузориши созмонҳои иттилоъотӣ бори дигар собит кардааст, ки ҳукумати Буш сарсупурдаи демократияи шаффоф мебошад ва аммо Теҳрон ҷонибдори он нест.

Ин дар ҳолест ки ал-Бародаӣ изҳор намуд, ки гузориш заминаро барои баргузории гуфтушунудҳои ду ҷониб фароҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG