Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар шаҳри Кобул


Бар асари таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Кобул 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Субҳи барвақти пуродами рӯзи чаҳоршанбе, 5 декабр як маргталаб мошини бомбгузоришудаи худро ба мусофирбари сарбозони артиши Афғонистон равона кард, ки дар натиҷа ҳашт сарбоз ва ҳашт ғайринизомӣ кушта шуданд. Бар асоси иттилоъи нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳашт сарбоз ва 20 раҳгузари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Рӯзи сешанбе дар ҳамлаи шабеҳе ба корвони мошинҳои низомиёни НАТО бештар аз 20 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG