Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон - муборизи аслӣ бо маводи мухаддир


Тибқи иттилоъи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчуби амалиёти махсуси «Канал-2007», ки дар ҳудуди кишварҳои узви Созмони созишномаи амнияти дастаҷамъӣ пиёда мешавад, аз 26 ноябр то 3 декабри соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 295 килограм маводди мухаддир, аз ҷумла 116 кг ҳероин ва 159 кг афюн, кашф ва мусодира шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон, чунин адад беш аз нисфи ҳаҷми тамоми маводди мухаддири аз сӯи мақомоти кишварҳои узви Созмони созишномаи амнияти дастаҷамъӣ мусодирашударо ташкил медиҳад ва далели он аст, ки Тоҷикистон муборизи аслӣ дар қиболи кочоқи мухадирот мебошад.

XS
SM
MD
LG