Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио: Дархости кумак беҷавоб намемонад


Хабаргузории русии Итар-тасс аз Токио менависад, имрӯз ҳангоми мулоқот бо сарвазири Япония ва ё Ҷопон Ясуо Фукуда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукумати ин кишвар дархост намуд, пуштибонии молии Тоҷикистонро, ки барои татбиқи барномаҳои эҳёи зербино( инфраструктура) бунёди мактабҳо, харидории таҷҳизоти тиббӣ ва соҳаҳои дигар масраф мешавад, идома диҳад.
Ба қавли хабарнигори Итар-Тасс дар ҷавоб сарвазири Япония гуфтааст, ки ба ҳамин зудиҳо ҳукумати ин кишвар барои бунёди роҳҳои асосии мошингард ва таъмири иншооти таъмини об қарзҳои бефоиз тақдим мекунад.
Дар сӯҳбати ду раҳбар ҳамчунин масъалаҳои тавсеаи ҳузури соҳибкорони японӣ дар Тоҷикистон, тағйири иқлим, маҳви барномаи тавлиди силоҳи атомии Кореяи Шимолӣ ва таъмини саросарии об баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG