Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби мухолифи ҳукумат ҷонибдори бойкоти интихобот


Ҳизби Асабаи мухолифи ҳукумати Қирғизистон аз ба истилоҳ "нерӯҳои солими сиёсӣ"-и ин кишвар даъват кардааст, дар интихоботи парламентии 16 декабр иштирок накунанд. Дар як изҳорот Асаба навиштааст, ки Комиссияи марказии интихобот саъй дорад, фаъолиятҳои ҳизбҳои мухолифи ҳукуматро маҳдуд кунад ва дар чунин ҳол нокомии мухолифин ногузир аст. Ба гуфти раҳбарони Асаба дархости ин ҳизб аз тарафи ниҳоди интихоботӣ ва мақомоти кишвар нодида гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG