Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Степашин, раиси палатаи муҳосиботи Федератсияи Русия гуфт, ин ниҳод дар ҳамдастӣ бо Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон истифодаи маблағҳо дар сохтмони нирӯгоҳи Сантӯдаи 1-ро таҳқиқ хоҳанд намуд.

Аммо, гуфтааст оқои Степашин ба дунболи боздидаш аз нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1, маблағҳои сармоягузоришуда дар ин тарҳ ҳадафмандона истифода мешудааст. Оқои Степашин ҳамчунин ба вазъи бунёди ин нирӯгоҳ шинос шудааст, ки сармоягузори аслии он ширкати РАО ЕЭС-и Русия мебошад ва феълан, бештар аз 80 дарсади саҳмияҳои ин тарҳро дар даст дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз кашфи мавориди фасоди молӣ дар тарҳи нирӯгоҳи барқи обии Сантӯда-1 иттилоъ дода буданд. Шерхон Салимов, раиси Оҷонси назорати молияӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфта буд:

«Дар ҳисоботи афроди масъули молии нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 3 500 тонна семент кашф гардид, ки дар ҳеҷ кадом як асноди муҳосибот сабт нашудааст. Аммо ин миқдор маводи сохтмонӣ ба Сангтуда-1 равона шудааст. Миқдори кашфшудаи маводи сохтмонӣ дар бозорҳои Душанбе фурӯхта шуда ва даромади онро азони худ кардаанд.»

Ин дар ҳоле гуфта мешуд, ки маъмурияти корхонаи «Бунёди нирӯгоҳи Сангтуда -1» бо корхонаи тавлиди сементи Душанбе, воридкунандаи аслии ин маводи сохтмонии ба иншооти мазкур, мушкили ҳамкорӣ доштанд. Дар робита ба мушкили дастрасии семент маъмурияти корхонаи «Бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда-1» ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда ва хостори мусоидат дар ҳалли ин мушкил шуда буд. Зеро корхонаи сементи Душанбе дар мавриди таъмини комили сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 бо семент таъхир мекард ва нархи маводи худро афзоиш медод. Аммо ин мушкил феълан низ комилан ҳалли худро пайдо накардааст ва камбуди шабонарӯзии семент дар сохтмони нирӯгоҳ, ба гуфтаи масъулони ин корхона тақрибан 500 тонна ва дар маҷмӯъ ҳудуди 3000 тоннаро ташкил медиҳад.

Ва бар илова, ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба корхонаи сементи Душанбе иҷоза додааст, то нархи сементи тавлидии худро афзоиш дода ва як тоннаи онро то ба 540 сомонӣ боло барад. Қаблан ин корхона як тонна сементро 280 сомонӣ ба фурӯш мебаровард.

Дар зимн, масъулони корхонаи «Бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда-1» гуфтанд, ки ин иқдоми корхонаи сементи Душанбе арзиши тарҳи нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро тақрибан 30 миллион доллар боло хоҳад буд. Аммо феълан мушаххас нест, ки ширкати РАО ЕЭС ин маблағи барои эҳдоси нирӯгоҳи Сангтӯда 1- зарурро аз кадом ҳисоб ҷуброн мекунад. Зеро ин тарҳ аз буҷаи давлатии Русия сармоягузорӣ мешавад ва он қаблан тарҳрезӣ шудааст. Ва раҳбарияти корхонаи Бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда -1» бар инанд, ки агар ин мушкил ҳалли худро пайдо накунад, эҳтимоли ба дарозо кашидани сохмони нирӯгоҳ ва ё мутаваққиф шудани он вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG