Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

OPEC содироти нефтро афзоиш намедиҳад


Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (OPEC) мувофиқат кардааст, ки истихроҷи нефтро тағйир надиҳад. Феълан як баррел (бушка) нефти хом наздик ба 90 доллари амрикоӣ нарх дорад. Кишварҳои воридкунандаи нефт умед доштанд, ки OPEC содироти нефтро афзоиш дода нархи онро қадре поин мебарад.
Раҳбарони ин созмон ризоят додаанд, ки моҳи январ бори дигар ҷамъ шуда, қарори имрӯзаро баррасӣ намоянд. Дар арафаи мулоқоти Абу Забӣ 13 кишвари узви OPEC таъкид карданд, ки ҳеҷ ниёзе ба афзоиши истихроҷи нефтро эҳсос намекунанд. Ба қавли онҳо бозорҳои ҷаҳонӣ аз нефт таъмин ҳастанду болоравии нарх аз дасти миёнаравҳо ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG