Пайвандҳои дастрасӣ

190 миллион доллар барои Тоҷикистон


Макото Оҷира, раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Макото Оҷира, раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд (БОР) тасмим гирифтааст, ки тайи се соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи 190 милиён доллар кумак кунад.

Дар ин бора раиси нави намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Макото Оҷира зимни як нишасти матбуотӣ эълон намуд. Вай гуфт, ин маблағ асосан барои пешбурди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, энержӣ ва иҷтимоиёт масраф хоҳад шуд. Макото Оҷира афзуд, тайи се соли оянда кумакрасонӣ ба соҳаи кишоварзӣ самти асосии фаъолияти Бонки Рушди Иқтисод дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфт, соли 2008 мо барои таҷдиди соҳаи пахтапарварии Тоҷикистон 40 милиён доллар ихтисос хоҳем дод ва солҳои 2009-2010 ин барнома идома хоҳад ёфт. Вай изҳори умедворӣ кард, ки тасмими Бонки Осиёии Рушд барои азнавсозии соҳаи пахтапарварӣ дар Тоҷикистон муваффақ хоҳад буд.

Макото Оҷира изҳор кард, ки дар баробари барномаҳои нави бонк ҳамчунин пиёдасозии 14 тарҳи қаблӣ, ки дар ҷамъ 292 милиён доллар арзиш дорад, идома хоҳад кард.

Тоҷикистон соли 1998 узвият дар Бонки Осиёии Рушдро касб кардааст ва то имрӯз ин бонк ба Тоҷикистон ба маблағи беш 420 милиён доллар қарзҳо ва кумакпулиҳои мухталиф додааст.

XS
SM
MD
LG