Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷорҷ Буш гуфт, ки гузориши арзёбикунандаи барномаи ҳастаии Эрон, ки аз ҷониби 16 хадамоти кашфи ИМА таҳия шудааст, аломатҳои ташвишовар дорад ва имконияти идомаи фишор болои ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эронро фароҳам меорад.

Буш, ки дар як нишасти хабарии Вашингтон сӯҳбат мекард, гуфт, бо назардошти хатарнок будани Эрон ва алорағми ин ки гузориши хадамоти кашфи Амрико ба хатми барномаи тавлиди аслиҳаи ҳастаии Эрон ишора мекунад, гузинаи низомӣ ҳанӯз ҳам по бар ҷо хоҳад монд.

"Ман ин гузоришро чун як аломати ташвишовар қабул кардам, ки онҳо дорои барнома ҳастанд. Ва сабаби ташвишовар буданаш ин аст, ки онҳо метавонанд ин барномаро дубора аз сар гиранд. Ғанисозии ураниум ва дониши тавлиди аслиҳаи ҳастаии онҳо, ки метавонад ба як барномаи пинҳонӣ бадал шавад, метавонад ин барномаро дубора зинда ва хатарнок кунад".

Буш гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ин воқеиятро эътироф кунад, ки Эрон донишҳои ҳастаии худро инкишоф дода тавони табдили он ба барномаи ҳастаиро ба даст овардааст ва ин чиз барои ҷаҳон хатар эҷод мекунад. Раисҷумҳури Амрико афзуд, ки фишори бештари байналмилалӣ болои Эрон ва дипломатияи муассир - яке аз гузинаҳои ҳалли барномаҳои ҳастаии Эрон мебошад.

Изҳороти Буш як рӯз баъди нашри гузорише дар заминаи барномаи аслиҳаи ҳастаӣ садо дод, ки мегӯяд, барномаи аслиҳаи ҳастаии Теҳрон соли 2003 баста шуда ва то имрӯз масдудшуда боқӣ мемонад. Ин барои нахустин бор аст, ки коршиносони иктишофии Амрико дар чунин ҳассостарин мавзӯъ ба тавофуқи назар расидаанд, дар шароите, ки Эрон ба ғанисозии ураниум идома медиҳад. Аммо бо ин вуҷуд, Вашингтон мегӯяд, ки масдудшавии барномаи аслиҳаи ҳастаии Эрон чаҳор соли пеш ҳанӯз маънои онро надорад, ки Теҳрон аз талошҳояш дар ин самт даст кашидааст.

Аммо дар чунин шароит саволи аслӣ ин аст, ки оё вокуниши аврупоиҳо, муттафиқони Буш дар ин барнома ба гузориш чӣ гуна хоҳад буд. То ҳол ду раҳбари аврупоӣ - садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ гуфтаанд, ки дар самти мутақоидсозии давлатҳои аврупоӣ ва ширкатҳои мухталиф барои хатми сармоягузории Эрон гом мебардоранд.

Ҳеннер Фуртиг, як коршиноси умури Эрон дар Донишгоҳи мутолеоти Ховари Миёна дар Ҳамбурги Олмон гуфт, ки эҳтимолан баъди ин гузориш мунаққидони Меркел ба бозгардони мавқеи пешинаи Олмон дар масъалаи Эрон пофишорӣ хоҳанд кард:

"Дар миёни сарвазир Меркел ва вазири хориҷа Штенмайер тафовути афзоянда ба чашм мерасад. Мусоҳибаи имрӯзаи Штенмайер дар робита ба сиёсати Олмон нисбат ба Эрон бозгӯкунандаи омезиши музокирот, пешниҳоди мухталиф ва фишор буд. Мавқеи вай то андозае бар хилофи нахуствазир мебошад. Дар ҳоле, ки мавқеи вай аз фишори бештар болои Эрон иборат аст, Штенмайер бештар ҷонибдори музокирот ва ироаи пешниҳоди бештар ба Эрон аст. Вай хостори нигаҳ доштани иртибот бо Эрон ва кам кардани фишор мебошад"

Дар Фаронса дар робита бо масоили Эрон баҳси камтар сурат мегирад. Аммо баъди нашри гузориш, Денис Баучард, таҳлилгари масоили минтақаӣ аз Донишгоҳи равобити байналмилалӣ дар Париж мегӯяд, ки ҳамакнун вазъ хеле тағйир хоҳад кард:

"Бидуни шубҳа, дар миёни сиёсатмадорон баҳси зиёд ба миён меояд, чунки онҳо хатароти иқтисодии таҳримоти навро арзёбӣ мекунанд. Шумори муайяни ширкатҳои тиҷоратии Фаронса мисли Олмону Итолиё дар Эрон фаъолият мекунанд ва баъзеи онҳо муддати дароз аст, ки он ҷо ҳастанд"

Баучард гуфт, ки нахустин вокуниш ин мешавад, ки мехоҳанд таъйиди маълумоти гузориши хадамоти кашфи Амрикоро дарёфт кунанд. Вай афзуд, ки дар сурати тасдиқшавии хулосаҳои ин гузориш боз ҳам онҳо хоҳанд донист, ки дар асл дар Эрон чӣ мегузарад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳо аз дохили Эрон, гуфта мешавад, ки мақомоти ин кишвар аз натиҷаҳои гузориши амрикоиҳо қаноатманд шудаанд. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ Манучеҳри Муттакӣ аз ин гузориш истиқбол карда гуфтааст, ки ҳамакнун ИМА дидгоҳҳои худро воқеъбинона арзёбӣ кардааст.

Ҳоло пешгӯиҳои таҳлилгарон ин аст, ки бо назардошти гузориши нав, ҳамакнун, дар ростои эъмоли таҳримоти нави СММ болои Эрон - Чину Русия боз ҳам оҳистатар ҳаракат хоҳанд кард, чунки ин ду кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва дорои ҳақи вето, ҳамеша хостори ҳалли дипломатии қазия будаанд.

XS
SM
MD
LG