Пайвандҳои дастрасӣ

Акихито ва Раҳмон – ҷонибдорони сатҳи нави ҳамкориҳо


Акиҳито, имперотури Жопун

Акиҳито, имперотури Жопун

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Токио, пойтахти Жопун, бо имперотури ин кишвар Акихито мулоқот намуд.

Президенти Тоҷикистон дар ин мулоқот Ҳамоиши нахустини Осиё ва уқёнуси Ором оид ба обро, ки дар ин кишвар мегузарад, ҳамчун нишони таваҷҷуҳи махсуси давлати Жопун ба масоили мубрами оби сайёра арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон дар ин мулоқот ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо аҳаммияти вижае доданд. дар ҳамин ҳол имперотури Жопун изҳори боварӣ намуд, ки ин мулоқот ба рушди муносиботи ба ҳарду ҷониб судманд таҳрики қавие хоҳад бахшид.
Э. Раҳмон изҳор кард, ки ин муносиботи дуҷониба ба сатҳи нав бароварда хоҳад шуда, доираи ҳамкориҳои дуҷониба васеътар хоҳанд гардид.
Ҳамчунин ишора шуд, ки ширкатҳои жопунӣ бо истифода аз қувваи арзони корӣ метавонанд дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноъатиро ба роҳ монанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мавзӯъи мазкур дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масахико Коумура, вазири корҳои хориҷии Жопун, низ баррасӣ гардид. Як рӯз қабл ин масоил ва масъалаҳои тавсиъаи муносиботи иқтисодӣ ва байнипорлумонии тарафайн ҳамчунин бо Кёко Накаяма, мушовири махсуси сарвазири Жопун, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафайн ҳамчунин изҳори омодагӣ карданд, ки ба раванди ҷалби бештари сармоя ва фанновариҳои жопунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таҳрик хоҳанд бахшид.
XS
SM
MD
LG