Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталаб 16 афғонро ба ҳалокат расонд


Вазорати мудофиаи Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки дар Кобул бар асари як ҳамлаи маргталабона камаш 16 кас ба ҳалокат расиданд. Ба қавли сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон Зоҳир Азимӣ субҳи имрӯз маргталаб бо мошинаш ба як миниавтобуси интиқолдиҳандаи ходимони низомӣ бархӯрд. Номбурда афзуд, ки дар натиҷаи тасодум шаш низомӣ ва ҳафт фарди мулкӣ кушта шуданд.
Ҳамин манбаъ илова кард, ки шумори зиёди мардуми низомиву мулкӣ ҷароҳат бардоштанд.
Рӯзи сешанбе ҳамин гуна ҳамлаи маргталабона дар наздикиҳои фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кобул ҷой дошт, вале ҳамла болои корвони низомии паймони Нато бемувафақият ба анҷом расид. Касе аз низомиёни Нато захм набардошт, вале 20 шахси осоишта маҷрӯҳ шуданд.
Ҳамлаи рӯзи чоршанбе дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс барои арзёбии вазъи Афғонистон ба ин кишвар рафта буд ва бо президенти афғон Ҳомиди Карзай ва фармондеҳони воломақоми амрикоӣ афзоиши хушунат дар Афғонистонро баҳс мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG