Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Сергей Степашин ба Тоҷикистон


Раиси палатаи ҳисоботиии Русия Сергей Степашин, ки дирӯз ба Тоҷикистон омадааст, дар давоми сафари серӯзаи кориаш маблағҳои сарфшуда дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро тафтиш мекунад.

Дар ин бора Ожонсии назорати молии давлатӣ ва мубориза бо фасоди молии назди дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилоъи ин манбаъ, имрӯз, 5-уми декабр, С. Степашин баъд аз дидори НБО «Норак» ба ҷои сохтмони НБО «Сангтӯда-1» меравад.
Дар инҷо ӯ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ шинос шуда, сарфи маболиғи ба он ҷудошударо месанҷад.
Фардо, 6-уми декабр, оқои Степашин бо раҳбарияти мақомоти зиддикоррупсионӣ ва роҳбарони мақомоту вазоратҳои муртабити Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Қарор аст, ки дар мулоқот тавофуқнома дар бораи ҳамкории Ожонсии назорати молии давлатӣ ва мубориза бар зидди фасоди молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва палатаи ҳисоботии Русия имзо шаванд.
XS
SM
MD
LG