Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна меравад


Ҳукумати Амрико хабар дод, ки раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш авоили моҳи январ ба Ховари Миёна сафар хоҳад кард. Ҳарчанд номи кишварҳоеро, ки Ҷорҷ Буш аз онҳо боздид хоҳад кард, нагуфтаанд, аммо расонаҳои Исроил мегӯянд, ки Ҷорҷ Буш бори нахуст ба ин кишвар хоҳад омад. Ҳафтаи гузашта Ҷорҷ Буш дар шаҳри Аннаполиси Амрико як ҳамоиши байналмилалиеро мизбонӣ кард, ки дар он раҳбарони Фаластиниёну Исроил тавофуқ намуданд, то музокирот дар мавриди поён додани муноқишаи миёни ҳамро аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG