Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА Ӯзбакистонро ҳиҷолатзада кард


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз ҳукумати Ӯзбакистонро ба хотири маҳдуд кардани озодиҳои демократӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ моҳи декабр танқид кард. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони созмон мазкур дар гузориши тозае роҷеъ ба интихоботи 23 декабр дар Ӯзбакистон навиштаст, ки бо вуҷуди ҳузури номзадҳои зиёд дар интихобот, корзори сиёсӣ орӣ аз рақобати воқеъӣ ва каммаънӣ ба назар мерасад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки нозирони худро барои назорати интихоботи Ӯзбакистон хоҳад фиристод, саркӯбии аҳзоби мухолиф ва набуди матбуоти интиқодгар дар ин кишварро зикр кардааст.
XS
SM
MD
LG