Пайвандҳои дастрасӣ

Газпром қиммати гази Русияро боло бурд


Ширкати давлатии Газпроми Русия гуфт, сар аз соли оянда қиммати гази табиӣ барои Укроин 40 дар сад боло мебарад. Яъне аз соли нави 2008 Укроин барои ҳар ҳазор метри мукааб гази содиротӣ 180 доллар пардохт хоҳад кард. Ин тавофуқ пас аз музокироти тулонӣ миёни ҳукумати Русия ва Укроин ҳосил шудааст. Ду соли пеш баҳсҳои пуршиддати ду кишвар бар сари қиммати гази содиротӣ бо қатъ шудани содироти гази Русия ба Укроин ва ҳамчунин халадор шудани интиқоли гази Русия ба чанде аз кишварҳои аврупоӣ анҷомид.
XS
SM
MD
LG