Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Интихоби низомӣ аз байн нарафтааст


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯяд, гузориши нави хадамоти иктишофии ИМА як ҳушдор ва имкони идомаи фишори байналмилалӣ болои Эрон аст, то ин кишвар аз даъвоҳои атомиаш даст кашад. Рӯзи сешанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вашингтон президенти ИМА гуфт, Эрон ҳанӯз ҳам хатар боқӣ мемонад ва интихоби низомӣ дар иртибот бо барномаи ҳаставии ин кишвар аз байн нарафтааст.
"Ман ин гузоришро ҳамчун ишораи ҳушдордиҳанда арзёбӣ мекунам. Онҳо барнома доштанд ва онро мутаваққиф намуданд. Ва чаро ин ишораи ҳушдордиҳанда аст, зеро онҳо метавонанд, татбиқи барномаро аз сар гиранд. Ғанигардонии муассир ва хатарбори уран донишест, ки онҳо метавонанд тариқи барномаи пинҳонӣ истифода баранд."
XS
SM
MD
LG