Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ғайричашмдошти Р. Гейтс ба Афғонистон


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар фурудгоҳи Кобул

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар фурудгоҳи Кобул

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ҳадафи сафари ғайримутназирааш ба Афғонистонро ҳамчун ошноӣ бо натиҷаҳои мубориза алайҳи ҷангҷӯёни Толибон ва Ал-Қоида маънидод кардааст.

Вазири дифоъи Амрико аз афзоиши мизони хушунат дар Афғонистон дар солҳои охир изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, мехоҳад вазъи амниятӣ ва фаъолияти тундравон дар ин кишварро арзёбӣ кунад. Роберт Гейтс ҳамчунин гуфт, ӯ мехоҳад таъсири таҳаввулот ва бӯҳрони ахири Покистон ба Афғонистонро баҳогузорӣ намояд. Оҷонси «Франс-Пресс» ба нақл аз як мақоми баландпояе, ки Роберт Гейтсро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, овардааст, ки эҳтимолан хушунатҳо дар Афғонистон дар пайи нокомиҳои ҷангҷӯёни Ал-Қоида дар Ироқ ва ба дунбол дубора рӯ ба Афғонистон овардани онон рӯ ба афзоиш овардааст.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, акнун теъдоди бештари тундравон дар майдони ҷанг дар Афғонистон ҳузур доранд. Аз сӯи дигар бар асоси як назархоҳие, ки аз ҷониби се шабакаи телевизонии ғарбӣ сурат гирифтааст, норизоятии мардуми Афғонистон аз фаъолиятҳои нерӯҳои Амрикоӣ дар ин кишвар ба далели авҷ гирифтани ҳамалоту харобкориҳои тундравон ва адами пешрафт дар иқтисодиёт бештар гардидааст. Натоиҷи ин назархоҳи ҳамчунин ҳокист, ки ҳимоят аз Толибон махсусан дар манотиқи ноороми ҷанубу ғарбии Афғонистон дар ҳоли афзоиш будааст.

Сафари қаблии Роберт Гейтс ба Афғонистон ҳанӯз дар моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифта буд ва қарор аст, дар ҷараёни сафари феълиаш вазири дифоъи Амрико бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва фармондеҳони нерӯҳои байналмилалӣ дар ин кишвар мулоқот кунад. Сафари Роберт Гейтc ба Афғонистон дар ҳоле ҷараён дорад, ки ин кишвар шоҳиди мавридҳои навбанави ҳамалот ва хушунатҳост. Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, субҳи сешанбе дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул 10 афроди мулкӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Ин ҳамла дар роҳи гузари ду мошини марбут ба нерӯҳои байнлмиллаии кӯмак ба амнияти Афғонистон ё худ Айсаф сурат гирифта, ба эҳтимоли ғолиб ҳамин нирӯҳоро ба ҳадаф доштааст. Дар ҳамин ҳол Забиҳулоҳ Муҷоҳид, ки худро сӯхангӯи Толибон мегӯяд, тайи як тамоси телефони бо радои Озодӣ масъулияти ин ҳамларо аз номи Толибон бар дӯш гирифта гуфтааст, тайи ин ҳамла 12 тан аз сарбозони хориҷиву дохилӣ ҳалок гардиданд. Аммо мақомоти Афғонистон бо тардиди ин иддао ҷароҳат бардоштани танҳо 10 нафар ва он ҳам аз миёни афроди раҳгузарро дар асари ин ҳамла тасдиқ кардаанд.

XS
SM
MD
LG