Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳои мусбат ба гузориши иктишофии ИМА


Эрон гузориши иктишофии ИМА дар мавриди барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломиро хуш пазироӣ намуд. Дар Теҳрон вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ аз нашри ин гузориш хушҳол аст, зеро акнун ИМА сиёсаташро ба таври воқеӣ тағйир медиҳад.
Гузориши нави хадамоти иктишофии ИМА аз он шаҳодат медиҳад, ки Эрон дар соли 2003-ум иҷрои барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро мутаваққиф кард. Дар гузориш гуфта мешавад, ки зоҳиран Эрон назар ба он, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷорҷ Буш исрор меварзид, камтар дар паи тавлиди силоҳи атомӣ мебошад.
Раиси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ Муҳаммад Ал-Бародаъӣ изҳор намуд, ки натиҷагирии Амрико имкон медиҳад, ки бӯҳрони кунунии марбут бо барномаи ҳаставии Эрон рафъ гардад.
ИМА, Британия, Фаронса ва Олмон таъкид мекунанд, ки дар иртибот бо Эрон стратегияи фишор ва таҳрими СММ дуруст будааст.
Вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак мегӯяд, Эрон ҳозир ҳам дар паи тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад.
ПрезидентиРусияВладимирПутинбараисиҳайъатимузокиракунандаиЭронСаидҶалилӣ ггуфт, Теҳрон бояд фаъолиятҳои атомиашро шаффоф ва дар зери назари Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG