Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунбор ба тоҷикон дар Русия


Намояндаи расмии Кумитаи бозрасии додситонии вилояти Челябински Русия Елена Калинина рӯзи сешанбе дар бораи тирборон шудани се тоҷик аз сӯи як сармоядори маҳаллӣ хабар дод.

Намояндаи додситонии Челябинск гуфт, дар пайи ин тирборон як шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаааст ва ду нафари дигар бо захмҳои сангин дар бемористон таҳти табобат қарор доранд. Елена Калинина ҳамчунин хабар дод, бино ба бозрасии муқаддамотӣ, ҳодиса шоми 30 ноябр дар ошхонаи «Се танкрон» дар заминаи хусумат сурат гирифтааст. Вай тавзеҳ дод, ки як ҳафта пеш соҳиби ошхонаи «Се танкрон» марди 45-солаи бумӣ аз таксии шахсии шаҳрванди Тоҷикистон истифода кард, вале роҳкиро надод ва бар илова ронандаро латукуб кард.

Таксирони озурдаи тоҷик пас аз чанд рӯз иттифоқан вориди ошхонаи «Се танкрон» шуд ва ғоратгари худро шинохт. Вай аз наздиктарин фурушгоҳ, ки бо номи «Мурғбозор» ёд мешавад, ду ҳамшаҳри худро ба ёрӣ хост, то интиқом бигирад ва аммо соҳиби ошхона ҳарсеро тирборон кард. Ронандаи таксӣ ҳалок шуд, ҳамшаҳриҳои вай аз сар ва шикам захмҳои сангин бардоштанд.


Кумитаи бозрасии додситонии вилояти Челябинск хабар дод, ки дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандони Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтиш идома дорад ва аммо шахси гумонбар ҳануз боздошт нашудааст.

XS
SM
MD
LG