Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳим Меликовро, ки ба яке аз фармондеҳони фирқаи низомии полковник Худойбердиев тааллуқ доштааст, барои 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба қавли пайвандони нафари маҳкумшуда, Раҳим Меликов яке аз 15 нафарест, ки тобистони имсол дар мавзеъҳои марзии ноҳияи Турсунзода бо вилояти Сурхондарёи Узбакистон боздошт шуда буданд ва, гуфта мешавад, онҳо аз тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев мебошанд. Ба иттилоъи манобеъи наздик ба мақомот, муддате ин гурӯҳ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд, аммо 14 тани дигар аз ин гурӯҳ раҳо шуда ва танҳо Раҳим Меликов, аз нафарони наздик ба Субҳон Мирзоев - яке аз фармондеҳони фирқаи низомии полковник Худойбердиев, ба зиндон андохта шуд.

Ҳарчанд мурофиъаи додгоҳии Раҳим Меликов дар миёнаҳои моҳи октябр дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон сурат гирифтааст, аммо расонаҳо танҳо имрӯз аз ин мурофиъа хабардор шуданд. Бо вуҷуд ин, ки қозии парванда Анвар Аҳмадов гуфт, ин мурофиа боз буд, аммо танҳо бо ширкати шумори маҳдуди пайвандони нафари муттаҳам ва бидуни расонаҳои хабарӣ баргузор шуд. Ҳатто пайвандони Раҳим Меликов ҳам мегӯянд, танҳо дар рӯзи баргузории мурофиъаи додгоҳӣ дар ин бора бохабар шудаанд. Ба қавли онҳо, Раҳим Меликов ва 14 нафари дигарро, ки ба гурӯҳи сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев мутааллиқ медонанд, дар марзи Узбакистон бо Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Додраси Додгоҳи олӣ Анвар Аҳмадов гуфт, Раҳим Меликови 46-сола аз наздикони Субҳон Мирзоев, собиқ сардори бахши умури дохилаи ноҳияи Ҳисор, 30-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, будааст, ки бо фирори Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1996, ҳамроҳи ӯ қаламрави Тоҷикистонро тарк кардааст. Оқои Аҳмадов гуфт, дар Сариосиё мақомоти бехатарии Узбакистон Меликовро дастгир кардаанд, чун вай дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст. Яке аз лаҳзаҳои ҷинояташ ин аст, ки вай бо Субҳон Мирзоев алоқамандӣ доштааст, гӯё ба Мирзоев «посбон»-и ғайриқонунӣ, муҳофиз будааст.

Ҳарчанд Раҳим Меликов барои 13 сол равонаи зиндон шудааст, аммо додгоҳ бо дарназардошти Қонуни афв, ки авохири моҳи июн ба тасвиб расидааст, аз се як қисми мӯҳлати маҳкумиятро ихтисор, яъне ба ҳаштуним соли зиндон табдил додааст. Вале ин мӯҳлати ҷазо ҳам ҳамсари нафари маҳкумшуда Раъно Назароваро қонеъ накардааст. Хонум Назарова гуфт, ҳамсарашро дар СИЗО нигаҳдорӣ мекунанд, бояд ӯро ба зиндон гузаронанд. Вай афзуд, «ду бор бо ҳамсарам вохӯрдам, вазъи сиҳҳатии ӯ бисёр бад аст, захми меъда дорад, фишори хунаш ҳам бас баланд аст ва танҳо ба зӯри доруву дармон, ки мо барои ӯ мебарем, ба сар мебарад».

Дар ҳоле ки мақомоти додситонии кулл ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон то ҳанӯз аз боздошти як гурӯҳи 15-нафараи тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, ки Раҳим Меликов ҳам аз он шумул ҳисобида мешавад, расман тасдиқ ё такзиб намекунанд, аз манобеъи ғайрирасмӣ чунин хабар расид, ки 14 боздоштшудаи дигар, ба истиснои Раҳим Меликовро мақомот раҳо намудаанд. Ва ин ҳам дар ҳоле ки Додситони кулл Бобоҷон Бобохонв дар як нишасти хабариаш дар моҳи июл гуфта буд, ки Тоҷикистон борҳо аз ҷониби Узбакистон тақозои истирдоди сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев ва пайравону ҳамдастони ӯро кардааст, аммо Узбакистон ба ин дархости мақомоти Тоҷикистон вокунише нишон намедиҳад.

Вай гуфт, «қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳи Маҳмуд Худойбердиев сарҳади Тоҷикистонро убур карда, то имрӯз дар ҳудуди Узбакистон сару кор дорад ва зиндагонӣ мекунанд. Ин ягон сирри махфӣ нест. Лекин то имрӯз ягон ҷинояткоре, ки ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев буданд, ягон нафарашона мақомоти Узбакистон истирдод накардаанд, ҳарчанд ҳазорҳо бор тақозо кардаем, дар пайгарди қонунӣ қарор додаем онҳоро, аммо ягон натиҷаи мусбат нест. Аммо он нафароне, ки худсарона омада дар Тоҷикистон даст ба ҷинояту одамкушӣ мезананд, ҳатман боздошт ва муҷозот мешаванд. Шумори дар ин робита дастгиршудаҳо низ зиёд аст».

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷиноётеро, ки сарҳанг Худойбердиев ва гурӯҳи ӯ дар қаламрави Тоҷикистон содир кардаанд, сангин мешуморад. Ва аммо дар робита ба шахси Раҳим Меликов қозии парвандааш Анвар Аҳмадов гуфт, дар додгоҳ мавзӯъи ҳамдастии ӯ ба гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев матраҳ нашуд ва ӯ наметавонад ин далелро тасдиқ бикунад. Гуфта мешавад, Раҳим Меликов бо гузашти беш аз 40 рӯз аз эъломи ҳукми додгоҳ, ҳанӯз ҳам дар боздоштгоҳи муваққати вазорати умури дохила, ки шароити назар ба зиндон сангинтар доштааст, нигаҳдорӣ мешавад. Аммо вакили мудофеъи ӯ мегӯяд, рӯзҳои наздик оқои Меликов, ба зиндони низомаш шадид интиқол хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG