Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши иктишофии ИМА Эронро хушҳол кард


Эрон гузориши хадамоти иктишофии ИМА дар мавриди барномаи ҳаставии Ҷумҳурии исломиро хуш пазироӣ намуд. Дар Теҳрон вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ аз нашри ин гузориш хушҳол аст, зеро акнун ИМА сиёсаташро ба таври воқеӣ тағйир медиҳад.
Гузориши нави хадамоти иктишофии ИМА аз он шаҳодат медиҳад, ки Эрон дар соли 2003-ум иҷрои барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро мутаваққиф кард.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки зоҳиран Эрон назар ба он, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷорҷ Буш исрор меварзид, камтар дар паи тавлиди силоҳи атомӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG