Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: интихоботи бидуни интихоб


Дар Узбакистон маъракаи пешазинтихоботӣ идома дорад ва раисҷумҳури кунунӣ Ислом Каримов бо се довталаб дар он сабқат мекунад.

Вале аксари мардуми Узбакистон бар ин назаранд, ки сарнавишти интихоботи 23 декабр барвақт ҳал шудааст ва маъракаи ҳозира фақат як намоиши театрӣ ва масрафи бемаънии пул мебошад.

Ҳафтаи гузашта дар вилояти Сирдарё аснои мулоқот бо раъйдиҳандагон довталаби курсии президенти Узбакистон Аслиддин Рустамов ҳеҷ иттилоъ надод, ки дар ҳоли пирӯзиаш ба ҳайси президент чӣ иқдомҳоеро татбиқ хоҳад кард. Бар ивази он ин номзади курсии раёсатҷумҳурӣ аз ҳизби мардумии демократӣ ба тавсифи рақибаш - Ислом Каримов ва дастовардҳои Узбакистон дар давоми 16 соли президентии Каримов рӯ овард.

Ба монанди ӯ довталаби дигари курсии президенти Узбакистон хонум Дилором Тошмуҳаммадова аз ҳизби сотсиал-демократи Адолат вақти барои тарғибот муқарраршудаи телевизиёни давлатиро на бо муъаррифии барномаи интихоботӣ, балки пешрафти Узбакистон дар айёми ҳукмронии Ислом Каримов сарф кард. Вале ба назар мерасад, ки Каримов бидуни кумаки рақибонаш ҳам дар интихоботи 23 декабр пирӯз хоҳад шуд.

Маъмурҷон, як раъйдиҳанда аз вилояти Ҷиззах, гуфт, вақте Каримов ширкат дар интихоботро тасдиқ кард, дигар маълум шуд, ки ӯ хоҳу нохоҳ пирӯз мешавад. Вай мегуяд, вақте, ки Каримов номзадиашро матраҳ намуд, мардум алакай дарк карданд, ки ин амал маънои онро дорад, ки ӯ дар интихобот пирӯз шуд. Ба гуфтаи ӯ, аммо мардум бовар надорад, ки бо пирӯзшавии Каримов ҳаёти онҳо беҳбуд меёбад.

Каримови 69-сола, собиқ котиби аввали ҳизби коммунисти Узбакистон, ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохили Узбакистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст, зеро бо таъқиби тамоми навъҳои мухолифат ва дигарандешӣ машҳур мебошад. Ӯ соли 1989 раҳбарии Узбакистонро бар дӯш гирифт. Соли 1991 Каримов аввалин раисҷумҳури Узбакистон пазируфта шуд. Баъди чор сол ӯ тариқи рефрендум раёсатҷумҳуриашро то соли 2000 тамдид кард.

Дар интихоботи соли 2000 Каримов бо чанд рақиби ба истилоҳ "безарар" рақобат намуда, барои панҷ сол курсии президентро касб кард. Сипас дар соли 2002 ӯ муддати раёсатҷумҳурии Узбакистонро аз панҷ то ҳафт сол тамдид намуд. Тибқи қонун, моҳи январи соли оянда ду даври президентии Каримов ба анҷом мерасад ва ӯ дигар ҳақ надорад бори сеюм барои раёсатҷумҳурӣ талош варзад. Вале Каримов воситаҳои ахбори умумро таҳти назорат шадид қарор дода, мухолифини ҳукуматро ё дар зиндонҳо ҷой додааст ва ё ин, ки ба фирор аз кишвар маҷбур кардааст.

Рӯзноманигори мустақили узбакистонӣ Алексей Волосевич мегӯяд, аҳли қалам маъракаи интихоботиро бо эҳтиёт арзёбӣ намуда, дар гузоришҳояшон аз худсензурӣ кор мегиранд. Волосевич маъракаи интихоботиро ҳамчун бастаи фиребу найранг баррасӣ мекунад. Вай гуфт, ҳаёти мардуми одӣ печида аст ва ташвиши асосии онҳо нархи ғизо ва кӯдаконашон мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, мардум кӯшиш мекунанд ба сиёсат дахолат накунанд.

Ҳамидуллоҳ Норбеков, коршиноси мустақили умури сиёсӣ дар шаҳри Тошканд, бар ин назар аст, ки ба номзадҳои президентӣ муайян мекунанд, ки онҳо чӣ кор кунанд. Масалан, ба онҳо гуфта мешавад, ки онҳо набояд хатоҳои Каримовро танқид кунанд. Ба ақидаи Норбеков, маъракаи интихоботӣ масрафи бемаънии пул аст ва хуб мебуд онро барои беҳбуди некӯаҳволии мардум масраф менамуданд. Ӯ ёдовар мешавад, ки Узбакистон аз гази табиӣ, тилло ва пахта саршор аст, аммо мардум камбағали ин кишвар маҷбуранд барои рӯзгузаронӣ дар Русияву дигар мамолики минтақа мардикорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG