Пайвандҳои дастрасӣ

Саразм – ёдгории ҷаҳонӣ мешавад ё намешавад?


Бостоншиносони тоҷик мегӯянд, Саразм – яке аз дигар кӯҳантарин шаҳрҳои бостонии кишвар, ки таърихи 5500 сола дорад, шомили феҳристи ёдгориҳои меъмории нодири ЮНЕСКО намешавад.

Музаффар Азизӣ - раиси бозрасии фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои меъмории Вазорати фарҳанг гуфт, ахиран, кумиссиюни ЮНЕСКО бо ин иддао, ки далелҳои муътамад барои сабти таърихи Саразм нест, ин шаҳрро шомили феҳристи худ накард.

Ин дар ҳолест, ки бо пахши як хабар аз ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳини дидор бо Коичиро Матсуура - дабири кулли ЮНЕСКО суоли шомили феҳристи ЮНЕСКО шудани Саразм матраҳ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки барои ин феҳрист Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 8 ёдгории нодир ва бостонии худро бо шумули Саразм, Бунҷикат, Аҷинатеппа ва Ҳулбук пешбарӣ карда буд, вале кумиссиюни ЮНЕСКО ягон ёдгории тоҷикистониро қабул надоштааст. Раҳим Масов – академики тоҷик мегӯяд, сабаби аслии аз феҳрист дур мондани ёдгориҳои Тоҷикистон дар бюрократия ё девонсолории ЮНЕСКО будааст.

Саразм аз нодиртарин ва қадимтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказист, ки мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз сентябри соли 2000 расман 5500 сола эълом шуда буд. Ва дар тӯли 7 сол бостоншиносон барои фориди феҳристи ЮНЕСКО шудани он талош доштаанд.

Ҳафриёти Саразм даҳсолаҳо боз давом дорад ва бар тибқи иттилоъи бостоншиносон, нодиртарин бозёфтҳои ин мавзеъро дар замони шӯравӣ ба осорхонаи Эрмитожи Санкт Петербурги Русия бурдаанд ва бо ҳамин далелҳои шайъӣ дар мавриди арзиши Саразм дар дасти уламои тоҷикистонӣ намондааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи Саидмурод Бобомуллоев, раиси осорхонаи Академияи улум, Саразм ёдгориест, ки дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзар ва зери таъсири он бунёд шудаанд.

XS
SM
MD
LG