Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи анъанавии филмҳои ба мавзӯъи ҳуқуқи башар бахшидашуда оғоз гардид.

Гуфта мешавад, ҷашнвораи мазкур ба Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи башар бахшида шуда, 9 рӯз идома мекунад.Таййи ин муддат қарор аст ба диққати сокинони пойтахти Тоҷикистон ва меҳмонони он 13 филми бадеъӣ ва мустанад пешниҳод гардад.
Ҷашнвора таҳти сарпарастии созмонҳои милливу байнулмилалии дифоъ аз ба ҳуқуқи башар барогузор шуда, ба барномаи он филмҳои офаридаи синемогарони Тоҷикистону ИМА ва Қирғизистону Русия, ки ба ин мавзӯъи муҳим бахшида шудаанд, дохил гардидаанд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин ҷашнвора, филмҳои пешниҳодшаванда ба масоили муҳимтарини марбут ба ҳуқуқи башар чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он, аз қабили масоили муҳоҷират ва инсонфурӯшӣ, ҳуқуқи кӯдак ва занон, бахшида шудаанд. Дар назар аст, ки дар доираи ҷашнвора оид ба масоили мубрами ҳуқуқи инсон мизҳои гирд, мубоҳисот бо офарандагони филмҳову коршиносон ва меҳмонони ҷашнвора доир гарданд.
Ба барномаи ин ҷашнвора инчунин намоишгоҳи созмонҳои ғайридавлатии шаҳри Душанбе ворид карда шудааст, ки созмонҳои ширкаткунанда дар он фаъолияти худ дар робита ба масоили ҳуқуқи башарро ба маърази намоиш хоҳанд гузошт.
Коргардонҳои синемои тоҷик филмҳои мустанад ва бадеъии «Мо ба Маскав меравем», «Кори занон», «Боз кӣ?», «Пенелопаи нав» ва «Овора»-ро пешниҳод кардаанд.
Ҷашнвораи филм 10-уми декабр – дуруст дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар – поён меёбад.
XS
SM
MD
LG