Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Эрон аз тавлиди силоҳи атомӣ даст кашид


Гузориши нави хадамоти иктишофии ИМА аз он шаҳодат медиҳад, ки Эрон дар соли 2003-ум иҷрои барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро мутаваққиф кард. Дар гузориш гуфта мешавад, ки зоҳиран Эрон назар ба он, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷорҷ Буш исрор меварзид, камтар дар паи тавлиди силоҳи атомӣ мебошад.
Муаллифони гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА навиштаанд, ки Эрон ғанигардонии уранро идома медиҳад ва шояд дар солҳои 2010-ум то 2015-ум қудрати тавлиди силоҳи атомиро пайдо намояд.
Ба қавли хадамоти иктишофи миллии ИМА Эрон бахши марбут бо тавлиди силоҳи атомиро зери фишор ва баррасиҳои дақиқи байналмилалӣ мутаваққиф кард.
Дар гузориш зикр шудааст, ки хилофи пешбиниҳо Эрон ба фишори байналмилалӣ ҳассосияти бештар нишон додааст.
Стивен Ҳадлӣ мушовири амнияти миллӣ дар маъмурияти президенти ИМА мегӯяд, ки гузориш аз стратегияи президент Буш дар мавриди Эрон пуштибонӣ мекунад.
"Гузориш заминаи умед барои ҳалли дипломатии масъала бидуни истифода аз нерӯро фароҳам меорад. Маъмурияти ИМА ҳам феълан дар паи ҳамин чиз аст. Гузориш хулоса мекунад, ки мо стратегияи дурустро ихтиёр намудаем: фишори
афзояндаи байналмилалӣ ҳамроҳ бо арзёбии роҳи ҳалли манфиатнок барои эрониҳо. Дар ин байн кафолат дода мешавад, ки ҷаҳон ҳеҷ гоҳ бо Эрони дорои силоҳи атомӣ рӯ ба рӯ нахоҳад шуд."
Вазирони корҳои хориҷии Британияву Олмон ҳам гуфтаанд, ки стратегияи байналмилалии фишор болои Теҳрон ва аз ҷумла ба воситаи таҳрими СММ иқдоми дуруст мебошад.
XS
SM
MD
LG